Қуръони карим
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, ҳамдан камо янбағи лиҷалоли ваҷҳиҳи ва азими султоҳи. Вассалоту вассалому ала-л-мабъуси раҳматан ли-л-ъоламин ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
аммо баъд...
Қуръони карим - ягона калиде, ки барои инсон дар ин дунё ҳама дарҳоро чӣ моддӣ ва чӣ маънавӣ мекушояд ва дар ҷое он дарнамемонад. Зеро он каломи Аллоҳ таъоло аст. Пас ҳар рӯз бояд бо он зиндагӣ намоем, то дуруст роҳ рафта бошем, дуруст сухан гуфта бошем, дуруст назаре карда бошем, дуруст касбе карда бошем, дуруст шодӣ ва дуруст ғамхорӣ намуда бошем. Дар умум дуруст ҳаёт ба сар бурда бошем ва аз ин дунё дуруст риҳлат намуда бошем.
Дар Қуръон марзе нест, ки дар он ниҳояти роҳ бошад, балки он интиҳо намеёбад, ки дар ҷое хатм шавад ва дар он таваққуф намои. Он масире аст ва ресмонест, ки Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуда:
Башорат ёбед! (яъне барои шумо хабари хуш мерасонам). Ин Қуръон як тарафаш дар дасти (бемисли) Аллоҳ таъоло ва тарафи дигари он дар дастони шумост, пас ба он муҳкам чанг бизанед, ҳамоно шумо ҳаргиз ҳалок намешавед, ва баъд аз он ҳаргиз гумроҳ намегардед.
Пас бо он:
- бисёр зиндагӣ кун,
- ва ҳамнишинии некӯ дошта бош,
- то шафоати онро дарёби.
Аз он биомӯз, зеро он:
1. нур,
2. ҳидоят
3. ва шифо аст.
Магӯй: анҷом додам,
Балки бигӯ: Баҳра бурдам ва аз Парвардигори карим баҳраҳои бештар мехоҳам.





