Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
№1
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ъало ъабдиҳи ва расулиҳи Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд....
Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор менамоӣ?

Шояд ин муҳимтарин суоле бошад, ки дар тамоми ҳаётамон онро шунида бошем. Чунки дар ҳаёт чизҳои зиёде вучуд доранд, ки бо мо ҳастанд, лекин муҳимтарини онҳо дар ин ҳастӣ, Аллоҳ таъоло мебошад.
Аллоҳ. Аллоҳ бузургтарин номҳо, беҳтарин ва зеботарин ба ин ном номидашудааст. Беҳтарин зотест, ки бо ту муносибату рафтор менамояд, Касеро меҳрубонтар, латифтар ва беҳтару некӯтар аз Аллоҳ таъоло наметавони пайдо кард, вақте Ӯ бо ту муносибату рафтор намояд.
Ҷои тааҷҷубаш инҷост, ки мо ин ҳолатро эҳсос намекунем, дарк наменамоем. Бо вуҷуди он ки Ӯ бо мо ҳар рӯз бо чандин навъ аз муомилаву муносибатҳо рафторҳои нек менамояд:
- Боре Ӯ гуноҳу кӯтоҳиҳои моро парда мепӯшонад,
- бори дигар шодамону хурсандамон месозад.
- боре ба мо раҳму шафқат ва меҳрубонӣ менамояд,
- бори дигар ба мо чизеро ато мефармояд,
- боре менӯшонад, мехӯронад...,
ҳол он ки дар баробари ин ҳама аз мо, на мунтазири подоше аст ва на муқобиле. Зеро аслан мо наметавонем ба Ӯ ягон манфиате бирасонем. Чӣ чизе аст, ки мо онро дошта бошем ва Ӯ таъоло онро надошта бошад? Чунин чиз вуҷуд надорад. Яъне мо чизе надорем, ки Ӯ таъоло ба он ниёз дошта, бошад. Зеро Ӯ таъоло самад, яъне бениёз аст, муҳтоҷи касе ва чизе нест, дар ҳоле, ки ҳама ба Ӯ таъоло ниёз доранд. Пас чаро Худованди мутаъол бо лутфу меҳрубоняш ин ҳама муносибату рафтор ва муомилаҳоро бо мо мекунад?
Зеро Ӯ субҳонаҳу ва таъоло аз ҷумалаи сифоти камолу ҷамолу ҷалолаш "Вадуд" аст, яъне бисёр бомуҳаббат аст. Бисёр дӯстдору бомуҳаббате, ки барои дӯстдорияш марзу ҳадде вуҷуд надорад. Вадуд яъне, дӯстдорияшро бо рафтору муносибатҳояш изҳоркунанда аст, дӯсти ҳақиқӣ ва самимӣ. "Карим"-у саховатмандест, ки караму сахояш ҳадду интиҳо надорад. Ба мисли муносибату рафтори некаш, ки нисбат ба офаридаҳояш анҷом медиҳад, ягон касе монанди он карда наметавонад. Бо вуҷуди ин ки Ӯ аз онҳо бениёз асту онҳо ба сӯи Ӯ таъоло ниёзманданд. Аллоҳ таъоло фамурдааст: "Эй мардум! Шумоед ниёзмандони ба Худо ва Худованд бениёзи ситуда аст", Сураи Фотир: 15.
Пас вақте, ки он Зоти бори таъоло бо мо ҳар рӯз, бо чунин азамату бузургӣ, ки дорад ва бо ин ҳама меҳрубонӣ ва караму иззат, муносибату рафтор мекарда бошад, савганд ба Аллоҳ, ки зарур ва ҳатмист бидонем, ки мо бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор намоем?
Зеро ҳар касе, ки ба он алоқае дошта бошем, ба як навъе ё сурате муносибату рафтор менамоем, бо вуҷуди ин ки шояд ҳеч касе аз онҳо бо мо ҳаргиз чунин рафтор накардаанд.
Ман дар мавриди муносибат ва рафтори умумӣ сухан намегуям. Чунки ҳар инсон, ҳар рӯз бо Худованд ба воситаи ибодат кардан ва зикр намудан муносибат ва рафторҳое дорад. Лекин инҷо як навъ муносибату рафторҳои бисёр дақиқу позуке вучуд дорад, ки дар баробари ин афъоле, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло нисбат ба бандааш сурат мегирад, бояд дар баробари он муносибат ва рафторҳои ниҳоят хуб ихтиёр намуда бошем.
Пас бо Худованд чигуна рафтору муносибат хоҳи кард, вақте бар гуноҳони ту парда мепушонад? Вақте Худованд туро пӯшонид, то касе туро набинад ё касе аз рафтору кирдори ту бо хабар нашавад, инҷо воҷиб аст, ки ҳадия Ӯро бипазири. Ҳадияи Ӯ таъоло чист? Чигуна ман онро қабул намоям? Бо Худованд чигуна рафтору муносибат хоҳи кард, вақте гуноҳони туро пушонид? Ҳатто агар туро пӯшонида бошад ҳам, шояд ки он пардаро аз ту баъди як муддати муайяне барчинад ва ошкорат намояд. Валекин чизҳое вуҷуд дорад, ки агар онҳоро анҷом додӣ, чунон хоҳи кард, ки ин пушиш ва парда аз болои ту, ҳатто дар рӯзи қиёмат ҳам, бардошта намешавад. Чигуна ин хоҳад шуд? Бо Худованд чигуна рафтору муносибат хоҳи кард, вақте бар гуноҳони ту парда пушонид?
Ту ҳар рӯз бо мардум сухан мегӯи, вале ҳангоме ки бо Ӯ таъоло сухан мегӯи, бо Худованд чигуна муносибату рафтор хоҳи кард? Дар вақти сухан гуфтан бо Худованди субҳон тариқа ва равиши муайяне вучуд дорад. Агар ту онро хуб анҷом додӣ, пас ҳар талабе, ки дори Ӯ талабҳои туро бароварда мегардонад. Шояд аз ончӣ талаб менамоӣ, аз он ҳам болотару беҳтар бароят бидиҳад. Зеро Худовнад на ба ҳар касе иҷобат мекунад. Бештари мардум ин тариқа ва равишро намедонанд ва дар амал онро анҷом намедиҳанд. Оё дӯст намедорӣ, ки аз ҷумлаи он камёбҳо ва нодирҳое боши, ки онҳо ин муносибатро дар амал анҷом дода ва медиҳанд? Бо Худованд чигуна рафтору муносибат хоҳи кард, вақте бо Ӯ сухан гуфти?
Оё боре ҳам худро напурсидем, ки бо Худованд чигуна муносибату рафтор менамоем вақте Ӯ таъоло бар мо газаб намуд? Ғазаби Худованд бисёр сахт аст. Вақте ғазаби Худо ба касе расид ё ба чизе равона гардид, онро комилан аз байн мебарад. Ва ман аз он бим дорам ва сахт метарсам, ки Худованд бар ман ғазаб кунад. Ман аслан намедонам, ки Ӯ дар ҳоли ҳозир бар ман ғазабнок аст ё не. Агар бар ман ғазабнок бошад, пас бо Ӯ чигуна муносибату рафтор намоям? Парвардигорамон, ҷалла ҷалолуҳу, вақте ғазаб кард, дӯст медорад, ки аз ҷониби ту баъзе корҳое анҷом гирад. Агар онҳоро анҷом додӣ, ғазаби Ӯ таъоло хомӯш мешавад. Танҳо як тавба кардан не. Муносибату рафтори дигарест, ки Худованд онро аз бандааш дӯст медорад. Бар ту танҳо ин рафтор ва муносибат воҷиб аст, ки анҷомаш диҳи. Бояд шитобон ва босуръат анҷом гирад, пеш аз ин ки чизи дигаре рух диҳад. Дар ин ҳангом ғазаби Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хомӯш мегардад. Инро бояд донист, ки Парвардигорамон тез розӣ мешавад, ҳатто чизҳои оддӣ ва камтарину андаке Ӯро розӣ месозанд. Лекин суол ин аст, ки бо Худованд чигуна муносибату рафтор хоҳи кард, вақте ғазаб кард?
Вақте Худованд аз бандааш розӣ шуд, бисёре аз мардумон гумон мекунанд, ки вазифаву масъулияташон дигар анҷом шуда ба охир расидааст. На, масъала чунин нест, балки чигунае, ки бо Худованд, вақте ғазаб намуда буд, дар муносибату рафторат аҳамият медодӣ, ба ҳамин сурат вақте розӣ шуд, баъди он ҳам бояд ба мунсибат ва рафторҳоят бо Худованд аҳамият диҳи. Зеро ин ки ба ризогии Худованд расидан ин як марҳила аст. Боз бар он марҳилаи ризомандӣ боқӣ мондан ва истимрорияту барданомӣ пайдо кардан, ин марҳилаи дигар аст. Зеро мо ҳамеша ва ҳар лаҳза ба ризояти Худованди мутаъол ниёз дорем, балки ҳадафи зиндагии мо ин танҳо ба даст овардани ризомандии Худованди мутаъол аст. Агар он ба даст наомад, пас дар ин умр чиро ба даст овардаем? Ва ончӣ ба ҷуз ризогии Худованд ба даст овардаем, чӣ манфиате дорад? Он фоида агар аслан бошад ҳам, то ба кай хоҳад идома ёфт? Аслан аз кучо медонам, ки Худованди мутаъол аз ман розӣ аст ё не? Инҷо суоле ба миён меояд, ки бо Худованд чигуна муносибату рафтор менамоӣ, вақте аз ту розӣ шуд?
Марҳилае аз марҳилаи ризо болотару олитар вуҷуд дорад. Марҳилаи бисёр баландмартабаест, ки ҷуз андаке аз бандагонаш онро ба дигар кас намедиҳад. Он марҳилаи муҳаббат, марҳилаи дӯст доштан аст, ки Худованд туро дӯст бидорад. Ва дар ин ҳолат ту ҳабиби Худованд мегарди. Муҳаббати ту дар осмонҳо паҳн мегардад, то ҷое ки ба ҳама малоике, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд, мерасад. Сипас ба замин интиқол меёбад, пас мардум туро дӯст медоранд. Чаро? Чунки Аллоҳ таъоло туро дуст медорад. Лекин мушкили инҷост, ки баъзе аз мардум намедонад, ки вақте ӯро Худованд дӯст дошт, чигуна муносибат ва рафтор намояд. Оре, бо Худованд чигуна муносибату рафтор менамоӣ, вақте туро дӯст дошт? Инсон ҳамеша дӯст медорад, ки маҳалли дӯсташро зиёрат намояд. Худованд барои худ хонаеро қарор дода ва онро масчид номидааст. Дӯстони Худо ба онҷо мераванд, то дар пешгоҳи Ӯ дар ин хона биистанд. Ҳар Подшоҳу Малик усул ва русуме дорад, ки касе мехоҳад ба назди он ворид шавад, лозим аст он дастуроти муқаррарашударо бидонад ва риоя намояд. Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор хоҳи кард, вақте ба хонааш дохил шуди? Яке аз дӯстонам мегуяд, вақте ҳикмату асрори ба хонаи Худо дохил шуданро донистам, савганд ба Аллоҳ, вақте ман онҳоро амалӣ намудам сипас ба масҷид дохил шудам, гуё ин ки бори аввал аст, ки ба он дохил мешавам. Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор менамоӣ, вақте ба хонааш ворид шуди?
Аз вақте инсон таваллуд мешавад, то ин дам як шууру эҳсоси муайяне дорад, ки гоҳ-гоҳе ӯро фаро мегирад, ки он ҳае (шарм доштан) ном дорад. Гоҳо ин шуъури ҳаё нисбат ба падару модар мешавад, гоҳо ин ҳолатро инсон дар баробари мудираш эҳсос мекунад, гоҳе бо шахсе ки шояд онро намешиносад, инро эҳсос мекунад. Ин чизе, ки рух медиҳад, амри оддӣ аст, ки ягон ҷои тааҷҷубаш нест. Дар мавзуъ то ин дам чизи ғарибу аҷоибе вуҷуд надорад, вале аз ҳама аҷибтар ин аст, ки Аллоҳ таъоло гоҳо аз мо ҳаё мекунад (шарм медорад), Оре, Аллоҳ таъоло аз мо ҳаё мекунад. Далели ин гуфта ҳадиси Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, аст. Он ҳадис кадом аст? Ман чӣ рафтор намоям ва чӣ муносибат кунам, вакте Худованд аз ман ҳаё кард? Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор хоҳи кард, вақте аз ту ҳаё карду шарм дошт?
Ин баъзе мавзуъҳое мебошанд, ки пешкаши шумо хоҳем кард ва шояд бори аввал бошад, ки бо ин унвон пешниҳод кардаи мешавад: Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор коҳи кард?
Мо шояд бисёр барномаҳо, курсҳо ва китобҳоеро дидаем ва шунидаему хондаем, ки дар бораи: Бо ҳамсар чигуна муносибату рафтор кардан, бо фарзандон чигуна муносибат ва рафтор намудан, бо мудир чигуна рафтор намудан, бо мизоҷон, ва амсоли инҳо... лекин оё пеш аз ин ба ин ном мавзуеро шунида будем, ки: Бо Худованд чигуна муносибат на рафтор менамоӣ? Бо вуҷуди ин ки Худованди субҳон муҳимтарин зоте аст, ки мо бо Ӯ муносибат ва рафтор мекунем. Бо Худованд чигуна муносибат ва рафтор менамоям? Ҷавобу посухи ин суол чист? Ман муътақидам, ки ҷавобу посухи он ҳаёти туро комилан иваз мекунад. (Идома дорад.....)





