Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
№3
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ало абдиҳи ва расулиҳи Муҳаммадин ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд...
Муҳимтарин суоле ки дар тамоми ҳаёти инсон вуҷуд дорад ин аст:
Ту бо Худованд чӣ гуна муносибат мекунӣ, вақте Ӯ ба ту раҳму меҳрубонӣ менамояд?
Оё ту дар зиндагии худ дидаӣ, ки касе оташи бузургеро ба муддати се рӯз барафрӯзад, сипас писари худро ба он оташ андозад? Табиист, ки чунин ҳолат вуҷуд надорад. Акнун ба ин ҳадиси набавӣ гуш фаро деҳ:
“Марде ба назди Расулуллоҳ (с) омад, ки бо ӯ кӯдаке буд. Онро (аз меҳру шафқаташ) дар оғӯшаш мефишурд. Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: Оё ту ба ӯ раҳм менамоӣ? Гуфт: Оре. Расулуллоҳ (с) гуфт: Худованд бар ту раҳмхортар аст аз раҳмхории ту дида нисбат бар ин (тифлат) ва ӯ меҳрубонтарини меҳрубонҳост”.
Пас Худованд аз ин бораҳмтар аст, ки туро дар оташ андозад. Худованд арҳаму‑р‑роҳимин аст. Ту бо ин раҳмахорӣ чигуна муносибат ва рафтор хоҳи кард? Бо Худованд чигуна маносибат ва рафтор мекунӣ, вақте туро раҳму меҳрубонӣ намуд?
Ин суоли ниҳоят муҳим аст. Лозим аст, ки мо посухи онро бидонем. Лекин қабл аз ин лозим аст аз худ бипурсем: Раҳмату меҳрубонии Худовандро чигуна бадаст оварем?
Эй бародар ва хоҳари бузургвор, барои ту хабари хуш бод! Бадаст овардани раҳмату меҳрубонии илоҳӣ кори ниҳоят осон аст. Ҳамоно раҳмату меҳрубонии илоҳӣ ҳама чизро фаро гирифтааст. Аммо ғазаби ӯ таъоло бошад, чунин нест, зеро ба сабаби раҳмату фазлаш ғазабаш ҳама чизро фаро нагирифтааст. Аллоҳ таъоло гуфтааст: “Ва раҳмати (меҳрубонии) ман ҳама чизро фаро гирифтааст”. Ин ҳолат ба шаъни меҳрубонтарини меҳрубонҳо лоиқу созгор аст. Агар ин намебуд, ҳамаи мо аз ҷумлаи зиёндидагон ва ҳалокшудагон мебудем.
Ҳар касе, ки дар тули зиндагоният, аз аҳлу хонавода ва дӯстон ба ту раҳму шафқат ва меҳрубонӣ намуда бошад, Аллоҳ таъоло аз он бештар бар ту раҳму меҳрубонӣ намудааст. Аслан ӯст, ки онҳоро ба назди ту фиристодааст, то бар ту раҳму меҳрубонӣ намоянд. Агар меҳрубониҳои ҳамаи махлуқотеро, ки дар тамоми зандагиат ба ту расидааст, ҷамъ намои, меҳрубонии илоҳӣ бар ту аз ҳамаи онҳо дида бештар ва васеътар будааст. Касе ҳаргиз болотар аз меҳрубонии Парвардигорат, наметавонад меҳрубонӣ кард. Васфкунандаҳо наметавонанд аз як ҷузъи андаки меҳрубонии илоҳӣ, ки дар атрофи мамлакаташ паҳн намуда, васф намоянд. Бинобар ин Ӯ таъоло шаъни раҳмату меҳрубониашро дар пеши махлуқоташ баланд бардоштааст. Паёмбар (с) мефармоянд: Вақте Худованд махлуқоташро офарид (аз офарниши онҳо фориғ шуд), дар китобе ки дар наздаш бар болои Арш мебошад, навиштааст: “Раҳмати (меҳрубонии) ман бар ғазабам ғолиб омадааст”. Инро мулоҳиза намо, ки чигуна ин китобро дар назди худаш, бар болои Арш, қарор додааст. Метавонист онро бар осмони дунё қарор диҳад ё бар болои куҳе аз куҳҳо, лекин Ӯ таъоло ин корро накард. Балки онро, аз ҷиҳат ташриф ва бузургдошти шаъни раҳмату меҳрубонӣ, дар назди худаш қарор дод.
Пас чаро аз раҳмату меҳрубонии Худованд ноумед машавӣ? Вақте, ки раҳмати Худованд ҳама чизро фаро гирифтааст, пас чӣ гуна туро фаро намегирифта бошад? Касе ки аз ту бадтар буда онро фаро гирифтааст, ки наваду нуҳ нафарро ба қатл расонида буд. Сипас бо қатли бандаи дигаре ин ададро ба сад комил кард. Бо вуҷуди ин ҳама раҳмату меҳрубонии илоҳӣ ӯро шомил шуд. Ва ту касеро ба қатл нарасонидаи, пас чигуна туро раҳм намекарда бошад? Ин ҳама ҳастӣ аз аввал то охираш, пур аз раҳмату меҳрубонии Худованд аст. Мисли пур ва лабрез будани баҳр аз об ва мисли пуррии фазо ба ҳаво. Ҳарчӣ мехоҳӣ дар мавриди меҳрубонии Аллоҳ таъоло бигу, васф намо, вале аз ончӣ мегуӣ он болотар аст. Баъд аз ин дар бораи раҳмату меҳрубонии Аллоҳ тасаввур намо ва бидон ки он аз ин ҳам болотар аст.
Шояд касе бигуяд, ки чӣ гуна метавонам онро ҳосил намоям? Чӣ гуна ин раҳматро бадаст орам? Бидон ки дар миёни ту ва раҳмату меҳрубонии илоҳӣ чизе (чун монеъа) вуҷуд надорад, магар ин ки ту аз Аллоҳ таъоло онро талаб намои ва Ӯ таъоло онро ба ту медиҳад. Чунки Ӯст танҳо зоте, ки молики он аст. Худованд мефармояд: “Ҳар раҳмату меҳрубоние, ки Худованд барои мардум гушояд, боздорандае барои он нест. Ва он чиро, ки боз дорад, касе ғайр аз ӯ қодир ба фиристодани он нест. Ва ӯ ғолибу боҳикмат аст”. сураи Фотир: 2.
Аз ниҳоят наздик будани раҳмату меҳрубонии илоҳӣ бар ту ин аст, ки ту танҳо ҳар чӣ мехоҳӣ бипиндор, Худованд дар назди хаёлу пиндори неки ту хоҳад буд. Онро барои ту анҷом медиҳад. Оё ҳар чизеро, ки дуст медорам? Бале ҳар чизеро ки дуст дорӣ. Нисбат ба Худованд бипиндорӣ ва гумон куни Ӯ туро раҳму меҳрубонӣ хоҳад кард, туро албатта рамҳ менамояд. Гумон намуди ки Ӯ туро аз оташи дузах раҳо менамояд, туро аз оташи дузах раҳо менамояд. Гумон куни, ки Ӯ туро ба Фирдавси аъло ворид хоҳад кард, Ӯ туро ба Фирдавси аъло ворид менамояд. Ягон мушкилие ва сангиние дар ин масъала вуҷуд надорад. Масъала аз ончи тасаввур менамоӣ содда ва оддитар аст. Ин гуфтаи ман нест, балки гуфтаи худи Ӯ таъолост, ки дар бораи худаш гуфтааст. Вагарна мо ин ҳамаро аз куҷо медонем? Ба ин ҳадиси қудсӣ гуш фаро бинеҳ, ки дар бораи худ чӣ мегуяд, ки Расулуллоҳ (с) аз Парвардигораш ривоят мекунад, ки фармудааст: “Худованд гуфтааст: Ман дар назди гумони (пиндори) бандаам дар ҳақи ман ҳастам, пас дар мавриди ман чӣи гумоне мехоста бошад, бикунад”.
Ин аст каломи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло. Масъала эҳтимол нест, ки шояд қабул фармояд ё нафармояд, балки яқини комил дошта бош. Расулуллоҳ (с) мефармояд: “Худовандро дуо кунед, дар ҳоле ки шумо ба иҷобат кардани дуо яқин дошта бошед”.
Аслан агар ту ин корро кардӣ, аз он чӣ ки умедвор мебошӣ, бештар аз он барои ту медиҳад. Лекин ба шарте, ки умед (раҷо) бошад на орзӯ (таманно). Яъне умед бошад на таманно. (Умедвор будан аз таманно доштан фарқ мекунад). Фарқ байни инҳо дар чист? Умед ё раҷо бо ҳамроҳии рафтору кирдор, яъне рафтору кирдоре анҷом мегирад, ки бо фармонбардорӣ кардани амрҳои он дар воқеъ раҳматашро умедворам. Аммо таманноҳо бошад танҳо гумонҳо ҳастанд, бе анҷом додани амалу рафтор ва бе фармонбардорӣ. Яъне умед дар воқеъ ҳосил шуданӣ аст, вале таманно ва орзу дар воқеъ ҳосилшаванда нест. Мисол умед мекунам ба Ватан хидмате кунам, ин умед шуданист, вале орзуву таманно мекунам пар бароварда парвоз кунам ва ба моҳтоб бирасам, ки ин албатта шуданӣ нест. Ё ин ки дар шеъри арабие омадааст, ки маънояш чунин аст: Ё лайташшабобу яъуду явман. Эй кош ҷавонӣ рӯзе баргардад. Ин таманнои баргаштани ҷавонӣ бори дигар аст, ки ин шудани нест, пас таманно дар ҷое истифода шуд, он чиз аслан шуданӣ нест.
Аз раҳмату меҳрубонии Аллоҳаст, ки меҳрубонии илоҳиро эҳсос менамои, ки он туро фаро гирифта ва саршорат менамояд. Эҳсосу дарк намудани ту, ки он вуҷуд дорад, дар ҳади зоти худ раҳмату меҳурбонӣ аст. Ин ҳама ҳоло дар дунё аст.
Аммо дар охират бошад, мо умеди зиёд дорем, ки махлуқот дар рӯзи қиёмат аз Ӯ раҳмату меҳрубониеро бубинанд, ки ҳаргиз дар ақлу хотири онҳо нагузашта буд. Аз хотоҳо гузашт намудан, мағфирати гуноҳон, раҳмату меҳрубонӣ ва чашмпушӣ аз баъзе лағзишҳо ва амсоли инҳо. Табиист, ки инсон низ бояд амал кунад, то ин чизҳои мазкур барояш ҳосил шавад. Ин шартест, ки Худованд онро муқаррар намудааст, вақте фармуд:
“Ҳамоно ман мағфираткунандаам касеро, ки тавба кард ва имон овард ва амали шоиста анҷом дод, сипас ҳидоят ёфт”, оят. Ин шартҳоро амалӣ намо ва ба раҳмату меҳрубонии илоҳӣ хабари хуш биёб.
Аммо инсон вақте баъди ин раҳматҳо, меҳрубониҳо ва дарҳои кушодашуда то ин дам бар маъсияту нофармонӣ исрор меварзида бошад ва ба ин дарвозаи бузурги раҳмат надаромада бошад, баъди ин ҳама агар раҳмати илоҳиро зиён дид, ки он бадиҳоро бар некиҳо (ҳасанот) табдил менамояд ва раҳмати илоҳиро ки ҳама чизро фаро гирифтааст, зиён дид ва аз даст дод, он раҳмату меҳрубоние, ки ҳамаро фарогирифта ӯро гунҷоиш надод, пас ин гуна шахс сазоворе нест, ки раҳму шафқат ва меҳрубонӣ шавад. Баъди ин ҳама бештар аз ин чӣ мехоста бошад ва ба кӣ умед мебаста бошад?
Агар ту бипурсӣ, ки чӣ гуна ба раҳмату меҳрубонии Аллоҳ таъоло наздик шавам? Чӣ гуна онро ҳосил намоям ва чӣ гуна бидонам, ки маро раҳмату меҳрубонии Худованд шомил шудааст? Посухаш ин аст, ки:
Бародар ва хоҳари гиромӣ! Вақте ба марҳилае расидӣ, ки ту мардумонро раҳму шафқат ва меҳрубонӣ менамуда бошӣ, феълан раҳмати Худованд ба ту наздик хоҳад шуд. На танҳо қариб, балки ниҳоят қариб хоҳад буд. Зеро Расулуллоҳ (с) мефармояд:
“Раҳмкунандагонро Раҳмон раҳмат мекунад”,
“Касеро, ки дар замин аст, шумо раҳм намоед, шуморо Зоте, ки дар осмон аст, раҳм менамояд”.
Агар инсон инро накард, пас Расулуллоҳ (с) мефармояд:
“Касе раҳм намекунад, раҳм карда намешавад”.
Ин аст раҳмату меҳрубонии Ӯ таъоло. Ва бар мо инчунин воҷиб аст, ки бо Аллоҳ таъоло рафтору муносибате лоиқу сазовор намоем.
Хотима
Дар анҷом аз шумо хоҳишмандем:
Аҳд намоем, ки дар ин зиндагии кӯтоҳ то ҷое тавон дорем барои ба даст овардани раҳмати Худованд кӯшиш кунем. Умед дорем, ки фардо дар рӯзи Қиёмат, ҳама дар зери раҳмати Илоҳӣ, дар биҳишт, дар миёни паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон ҷамъ шавем. Ва чӣ неъмате бузургтар аз рафоқат бо онон!





