Featured

СУОЛ: ОЁ ДАР ОЁТИ ҚУРЪОН АНДЕША ДОРӢ?

بسم الله الرحمن الرحيم

الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله أشرف الأنبياء والمرسلين وعلى آله وصحبه أجمعين،

أما بعد...

Ояти муборак мефармояд:

أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا. (Муҳаммад: 24)

«Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд? Ё бар дилҳояшон қулфҳо зада шудааст?»

Ин оят нишон медиҳад, ки хониши танҳо кофӣ нест. Қуръон нозил нашудааст, ки танҳо тиловат шавад;

балки:

1.    Хондан — оғоз аст, дарро мекушояд.

2.    Тадаббур — ҳадафи аслӣ, нур бахшидани қалб аст.

3.    Амал — меваи Қуръон аст, ки бе он ҳеч арзише комил намешавад.

Пас аз маълум мегардад, ки Қуръон ба он нозил нашудааст, ки танҳо хонда шавад. Қуръонро бояд хонд, дар он тадаббур кард ва ба он амал намуд.

Пас агар касе танҳо хонад, аммо дар тадаббур ва амал сустӣ кунад, дар мизони шариат чӣ гуна баҳо дорад?

Агар инсон танҳо тиловат кунад, вале тадаббур ва амал дар ӯ суст бошад, дар мизони шариат кори ӯ нопурра мемонад. Чунон нест, ки хониш бе тадаббур ва амал ӯро ба мартабаҳои баланд бирасонад. Хондан оғоз аст, аммо тадаббур — кушодагии қалб ва амал — ҳосили ҳақиқӣ аст.

          Бинобар ин инсонҳо ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

         1) Хондагари бе тадаббур ва бе амал — савоб дорад, вале кам ва нопурра

Шахсе ки Қуръонро мехонад, ҳатман савоби тиловат мегирад. Ҳар ҳарф — даҳ савоб дорад, чунонки дар ҳадис омадааст.
Аммо…

          Ин савоб мисли касест, ки тухм мекорад, вале на об медиҳад, на нигоҳдорӣ мекунад — мева намедиҳад.

          Паёмбар (с) мефармоянд:

          «Қуръон бархеҳоро боло (дар дараҷаҳо) мебарад ва бархеи дигарро (дар дараҷаҳо поин ва) фуруд меорад».

          Касе, ки мехонад, аммо ба он амал намекунад — Қуръон ба зарари ӯ ҳуҷҷат мешавад, на ба нафъаш.

         2) Хондагари бо тадаббур, вале бо амали кам — дар хатар аст

          Инсон оятҳоро мефаҳмад, маънояшро медонад, пурра медонад, ки Аллоҳ чӣ мехоҳад…

Аммо амал намекунад.

          Ин ҳолат дар назди шариат гирифтории бузург аст, зеро:

— Шунидани ҳақ бе итоат

— Донистан бе амал

— Фаҳмидан бе тағйир

далели заъфи имон ва пойдору устувор набудани қалб аст.

          Аллоҳ таъоло мефармояд:

          «Чаро он чизеро мегӯед, ки худатон анҷом намедиҳед?»

 

3) Хондагари бо тадаббур ва бо амал — дар мизони шариат мақоми олӣ

          Ин гурӯҳ аст, ки Қуръон барои онҳо нозил шудааст.
Инҳо:

·       Қироат мекунанд,

·       Маъниро мефаҳманд,

·       Ба он амал мекунанд,

·       Дар робитаи худ бо Қуръон зиндаанд.

          Дар рӯзи Қиёмат Қуръон ба сурати нуру ҳимоя барои онҳо меояд ва ба онҳо мегуяд:

          «Парвардигоро, ин бандаат маро мехонд ва ба ман амал мекард — ӯро боло бибар.»

Аз ин ҷост, ки Қуръон нури раҳмат аст, аммо нуре, ки танҳо қалбҳои бозу зиндаро равшан мекунад. Қалбе, ки тадаббур намекунад, дар ҳақиқат бар он қулфе баста шудааст — чунонки Аллоҳ таъоло мефармояд:

          «Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд? Ё бар дилҳояшон қулфҳо зада шудааст?». (Муҳаммад: 24)

          Пас вазифаи муъмин ин нест, ки танҳо тиловат кунад; балки бихонад, бифаҳмад, бияндешад ва ба он амал намояд. Зеро тадаббур бидуни амал — илми нопурра, ва хониш бидуни тадаббур — савоби кам, аммо хониш бо тадаббур ва амал — нур, раҳмат ва озодагии қалб аст.

 

ҚУРЪОН БАРОИ ЧӢ НОЗИЛ ШУДААСТ?

1. Қуръон барои он нозил шудааст, ки мардум дар оятҳои он андеша намоянд ва бо фикри солим дар онҳо тадаббур кунанд. Агар тадаббур ва андешаронӣ дар оятҳои Қуръон ба таври дуруст анҷом гирад, барои инсон дарҳои бисёре аз хайру баракатҳо кушода мешаванд. Ҷаҳони пур аз маънӣ ва ҳикматҳо бар назари ӯ боз мегардад.

Касе ки дар оятҳои Қуръон тадаббур намекунад — ҳатто агар оятҳои онро бо зеботарин оҳанг тиловат намояд — бояд бидонад, ки дари дил бар ӯ баста мондааст. Чунонки Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд? Ё бар дилҳояшон қулфҳо зада шудааст?». (Сураи Муҳаммад, ояти 24)

2. Ҳадафи дигаре, ки барои нузули Қуръон зикр шудааст, ибрат гирифтан ва панд омӯхтани соҳибони ақл аст. Чунон менамояд, ки ҳадафи аввал — тадаббур — барои ҳамаи мардум аст. Ҳар мусалмон бояд дар оятҳои Худованд андеша кунад. Вале ҳадафи дуюм — панд гирифтан — ба соҳибақлон тааллуқ дорад, ки марҳилаи баъди тадаббур аст.

Яъне тадаббур роҳу васила аст, вале тазаккур, яъне ибрат гирифтан ва ба амал даровардани ҳикматҳои Қуръон, натиҷаи он аст. Ин марҳилаест, ки инсон ба оятҳо амалӣ ҷавоб медиҳад ва ҳукмҳои илоҳиро дар зиндагии худ ҷорӣ месозад.

Пас хулосаи шариат чунин аст:

Танҳо хондан – савоб дорад, аммо кофӣ нест.

Хондан бе тадаббур – қалбро кушода намекунад.

Тадаббур бе амал – далели сустии имон аст.

Комилтарин ҳолат – хондан + тадаббур + амал аст.

Қуръон сарчашмаи нуру раҳмат аст, аммо нуре, ки танҳо ба касоне мерасад, ки онро дар зиндагӣ ҷорӣ месозанд.

 

ҚУРЪОН БАРАКАТ АСТ

          Қуръон сарчашмаи баракати комил аст.

          Бардоштанаш — яъне ҳифз кардани он, азхуд кардан, бо он зиндагӣ кардан, тиловат намудан, тадаббур кардан, амал кардан ва ба ахлоқи он хулқ гирифтан — ҳамаи инҳо баракат аст.

          Аҳли ислом аз Қуръон ҷуз некӣ, ҷуз нур, ҷуз баракат ҳеҷ чиз ба даст намеоранд. Ҳар роҳе, ки ба Қуръон расад — баракат аст. Ҳар коре, ки бо Қуръон пайваст бошад — баракат аст. Зеро Аллоҳ таъоло вақте Қуръонро баракатнок номид, онро ба ҳеҷ ҷанба маҳдуд накард:

— Оё баракати ризқ аст?

— Ё баракати савоб?

— Ё баракати вақт, умр ва ҳаёт?

— Ё баракати хона, ҳамсар ва фарзандон?

— Ё баракати кору фаъолият ва ҳатто рӯзҳои бознишастагӣ?

          Ин ҳама дар баракати Қуръон дохиланд.

          Савганд ба Аллоҳ! Ҳеҷ бандае нест, ки ба Китоби Аллоҳ машғул гардад, магар ин ки Худованд ӯро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёташ — дар ақл, ахлоқ, рӯзӣ, вақт, хонаводаву умр — баракат медиҳад.

          Ин Китоби Аллоҳ аст — Китобе, ки Парвардигор онро манбаъ ва ганҷинаи баракат қарор додааст. Ҳар кӣ ба он часпад, баракат меёбад; ҳар кӣ аз он дур шавад, аз нури баракат маҳрум мегардад.

          Хулоса

Пас биёед Қуръонро танҳо нахонем —

бо он зиндагӣ кунем.

Онро бифаҳмем, дар он тадаббур кунем, ба он амал намоем ва ба ахлоқи он хулқ гирем.

Агар чунин кунем, ба фазли Худо, Қуръон барои мо рукни баракат мешавад — дар дунё ва дар охират.

 

 

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Сейчас на сайте 35 гостей и нет пользователей

Зоирони сомона

Unknown 36.1% Unknown
Tajikistan 27.8% Tajikistan
United States of America 20.8% United States of America
Saudi Arabia 2.8% Saudi Arabia
Russian Federation 2.8% Russian Federation

Total:

11

Countries
000074
Today: 5
This Week: 24
Last Week: 50
This Month: 74
This Year: 74