Featured

Бо Худованд чигуна муносибат менамоӣ-2?

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

№2

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ъало ъабдиҳи ва расулиҳи Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд...

Муҳимтарин суоле дар тамоми ҳаётат ин аст:

Ту бо Худованд чигуна муносибату рафтор мекунӣ?

Мехоҳам бо посух додани ба ин суол шуруъ намоям, вале ҳоло ман инро наметавонам. Аз он ҷиҳат наметавонам, ки пеш аз ин ки дар бораи кайфият ва чигунагии муносибат ва рафтор бо Худованд ворид шавам, дар мадди аввал ман ба ин ниёз дорам, то бидонам, ки Аллоҳ таъоло чӣ зоте аст? Дар бораи Худованд чӣ медонӣ?

Бисёре аз мардумон ҳастанд, ки агар нохост ба онҳо суол диҳед, ки Худованд чӣ зоте аст? Мегуянд, ки: Он Холиқ аст, Розиқ аст ва амсоли инҳо... Бале мо инро медонем, вале оё ин ҳама маълумоте аст, ки мо дар бораи Худованд медонем?

Ҳар қадар инсон маърифаташ нисбат ба Худованд бештар шуд, тарси ӯ аз Худованд бештар мешавад ва муносибаташ бо он зот беҳтар ва хубтар мегардад. Худованди мутаъол дар Қуръони карим фармудааст:

Инчунин аст, ки аз Худованд танҳо бандагони донишмандаш метарсанд”, Фотир: 28.

Пас маърифатату шиносоии ту ба Худованд то чӣ ҳадду андоза аст?

Ҳақиқати зоти Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро ҷуз худаш касе намедонад. Дар мавриди азамати Аллоҳ таъоло чӣ ҳам мегуфтем? Азамати Ӯ ба ҳаддест, ки ҳеч кас дар дунё тоқати дидани Зоташро надорад. Ҳамин андоза далел ба азамат ва бузургияш кофист, ки ҳозир касе онро намебинад. Ҳар касе ё чизе, ки ӯ таъолоро дар ин дунё бубинад, азбайн меравад. Қавитарин махлуқе, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад, тоқате надорад, то ба Ӯ назар намояд. Вақте зоти Ӯ ба ин ҳадд азамат ва бузургӣ дошта бошад, ки ба муҷарради онро дидан азбайн меравад, пас ҳақиқати ин зот чигуна бошад? Пас чигунаанд сифатҳои бузурге, ки зоти Худованд ба онҳо мавсуф гаштааст?

Аз ин ҷиҳат аст, ки Парвардигорамон медонад, ки дар ин дунё касе Ӯро дида наметавонад ва низ медонад, ки авлиёву дӯстонаш ба дидори бе мислаш ниҳоят шавқи зиёд доранд. Зеро онҳо дар бораи Ӯ таъоло бисёр вақт суханҳо мешуниданд ва дар бораи ӯ бисёр вақт таълим мегирифтанд, дар бораи бузургияш ва дар бораи ҷамоли бемисли ӯ ва амсоли инҳо. Акнун онҳо мехоҳанд ӯро бубинанд. Мехоҳанд он ҷамоли зеборо намошо кунанд. Аз ин ҷиҳат Аллоҳ таъоло ҷасадҳои онҳоро дар рӯзи қиёмат қавӣ ва тавонманд мегардонад ва ба онҳо тавонмандие мебахшад, ки тоқату имкони дидори Ӯ субҳонаҳу ва таъолоро дошта бошанд. Чаро? То ин ҷасадҳо битавонанд лаззати дидорашро бичашанд –лаззате, ки ҳеч чиз бо он баробар намешавад‑, бе ин ки зоти онҳо талаф ёбад ва азбайн бираванд. Зеро онҳо дар ҳоли ҳозир ва ба ин вазъе, ки дар ин дунё ҳастанд, аз дидани зоти бузургу боазамати Аллоҳ таъоло, заъифу нотавонанд.

Сифатҳои Аллоҳ таъоло сифатҳои комиланд

Ҳар сифате, ки Аллоҳ дорад, ба дараҷаи камол аст; ҳеч чизе ба сифатҳои Ӯ монанд нест.

Зоти Аллоҳ таъоло дорои сифатҳое мебошад, ки ба он сифатҳо мавсуф аст. Ин сифатҳо комиланд, ки дар ягон чизи дигар мисли он ба ин камол дида намешаванд. На дар чизе дида мешаванд ва на дар маконе вуҷуд надоранд. Махлуқот, албатта, сифатҳое доранд, ки баъзан танҳо дар номи ин сифатҳо ташобуҳ ва монандӣ ба онҳо дида мешавад.

Масалан, Худованд "Ҳай" аст, яъне зинда аст – зиндае ба ҳаёти комил ва абадӣ. Махлуқ низ дорои ҳаёт аст, вале ин ҳаёт махсуси махлуқи ноқису интиҳопазир буда, фонӣ, нокомил ва маҳдуд аст, ки монанди ҳаёти Худованд нест. Дар миёни ин ду ҳаёт аслан заррае ё ягон навъе аз ташобуҳу монандие, ҳатто оддитарин наздикие ҳам вуҷуд надорад. Ҳаргиз чунин нашуда, ки як сифате аз сифатҳои офаридгор ба сифате аз сифатҳои махлуқоташ монанд бошад.

Пас Аллоҳ таъоло чӣ зот аст? Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло илоҳи ҳамаи махлуқот аст. Ғайри ӯ илоҳеро пайдо нахоҳанд кард. Ӯст, ки ба танҳоияш кафили ҳамаи ин махлуқот мебошад. Шууну аҳволи ин мамлакати васеашро, ки шомили осмоноҳо ва замин аст, ба танҳоияш тадбир менамояд. Касе дар ин масъала ба ӯ ёрӣ намерасонад, аслан ниёзе ба ёрӣ ҳам надорад. Аз вақте ки Худованд аввалин махлуқро офарида, то вақте ки ин олам ба интиҳо расад, Аллоҳ таъоло Ӯст ягонае, ки ризқ медиҳад, Ӯ ягонаест, ки молик аст, ягона Ӯст, ки ҷазо ва иқоб мекунад. Ӯст зоте, ки ин номҳо ва сифатҳояшро ба мо дононида ва дар бораашон ба мо хабар додааст. Валекин Худованд боз номҳое дорад, ки аз онҳо ба касе хабар надодааст. Мо онҳоро намедонем ва ҳеч касе ҳам онҳоро намедонад. Балки Аллоҳ таъоло дар илми ғайб он номҳо ва сифатҳоро танҳо махсуси худаш ихтиёр намудааст.

Азамати Худованд фарогир намешавад

Аз бузургӣ ва азамати Аллоҳ таъоло ин аст, ки касе тамоми азамати Ӯ таъолоро натавониста то фарогир бошад. На касе инро метавонад ва на ҳаргиз ин хоҳад рух дод. Магар зоти яктое, ки илми ин сифатҳоро фаро гирифтааст ва ҳамоно он Аллоҳ таъоло мебошад. Ҳақиқати комилаи Аллоҳ таъолоро касе, ҷуз Аллоҳ таъоло намедонад. Чуноне, ки чашм як узве аз аъзоҳои бадан аст, ки он барои дидан ҳудуди муайян дорад. Он аз масофаи муайяне, ки барои он муқаррар шудааст, фаротар дида наметавонад. Ҳамчуноне ки гуш узве аз аъзои бадан аст, он ҷуз дар як масофаи муайян, дигар наметавонад садоеро бишунавад.

Инчунин аст ақл, ки он узве аз аъзои бадан аст ва ҷуз ба чизҳои маҳдуд, наметавонад бештар сарфаҳм биравад. Бисёр чизҳоест, ки аз ақл бузуртар мебошанд. Ақл наметавонад онҳоро тахайюл ё тасаввур намояд, ки аввали ин чизҳо Холиқи таборака ва таъоло мебошад. Касе наметавонад, ки пеш аз рӯзи қиёмат ӯро бубинад ё онро тасаввур намояд. Барои Худост масали аъло, Парвардигори мо чизе ба ӯ монанд нест, ва ӯ шунаво ва биност. Пас касе наметавонад онро тасаввур намояд ё онро дар хаёлаш биёварад, балки ҳарки Худовандро ба чизе хаёлу тасаввур намуд, Худованди мутаъол бар хилофи он чизест, ки хаёл кардааст. Ҳатто агар инсон коре накарда сад сол ҳам кушиш намояд, то Худованди азза ва ҷалларо, бар ҳақиқаташ, тасаввур намояд, ҳақиқатан ҳам он ҳаргиз ин корро карда наметавонад. Ҳар натиҷае, ки ба он мерасад, Парвадигорамон субҳонаҳу ва таъоло бар хилофи ҳамаи онҳо мебошад. Зеро Аллоҳ таъоло дорои азамату бузургӣ ва ҷабарутест, ки тасаввур кардани он ва тахайюл намуданаш, имкон надорад.

Аллоҳ таъоло, зотест, ки касе натавониста то имрӯз санои онро ба сурате, ки лоиқу сазовор ба азамату бузургияш аст, карда бошад. Ҳар касе кушиш намуда, то ба гуфтор ё кирдораш сано, ҳамд ва шукронаи онро ба ҷой оварад, чӣ аз фариштагон бошад ё паёмбарон ё аз тамоми офаридаҳояш (махлуқоташ). Онҳо ба саное, ки сазовори Аллоҳ таъоло мебошад, танҳо қариб ва наздик мешаванд. Танҳо касе, ки тавониста ҳамду санои Аллоҳ таъолоро ба сурате, ки ба азаматаш лоиқу баробар бошад, анҷом диҳад, он фақат Аллоҳ таъоло худаш мебошад. Танҳо худаш аст, ки вақте ба худаш ҳамду сано гуфтааст, тавониста онро пурра анҷом диҳад. Агар мо саноҳо ва ибодатҳои ҳамаи офаридагонро ҷамъ намоем, ибодати Ҷибриил (а), ибодати Микоил (а), ибодати Иброҳим (а), ибодати паёмбарамон (с), ибодатҳои тамоми паёмбарон (а), сиддиқон, шуҳадо ва солеҳон, аз аввале, ки офариниш шуруъ шуда ва то ба охирин нафаре, ки то рӯзи қиёмат мемонад, ҷамъ намоем ва сипас ин ибодатҳоро дучанд ва даҳчанд ва зиёда аз он бигардонем ва ба Худованд тақдимашон намоем, ба он саное, ки ба азамату бузургияш сазовору лоиқи бошад, баробар намешавад.

Фариштагоне дар ибодатанд, ки дар ҳолати рукуъ қарор доранд ва то рӯзи қиёмат ба чунин вазъ идома медиҳанд, малоике ҳастанд, ки ҳамеша дар саҷдаанд ва сарашонро то рӯзи қиёмат намебардоранд. Тасбиҳ мегуянд ва ибодат мекунанд. Вақте қиёмат барпо гардид, онҳо мегуянд: Эй Парвардигорамон! Мо туро ба он сурате, ки ҳақи ибодат карданат буд, ибодат накардем. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: “Ва арҷ наниҳоданд Худовандро шоёни арҷмандияш ва замин ҳамагӣ рӯзи қиёмат дар қабзаи ӯст ва осмонҳо дар дасти ӯ печидаанд. Худованд аз шарикиҳое, ки барои ӯ мепиндоранд, муназзаҳ ва баландмақом аст”, Зумар: 67.

Ибодатҳои мо ҳақиқат ва фоидаи онҳо

Пас вақте Худованд ин ибодатҳои моро бо он нуқсонҳое, ки доранд, аз қабили беёдию беҳушие, ки дар вақти ибодат намудан сурат гирифтааст ва баъзан худнамоӣ ба он омехта мешавад, қабул фармуд, ин ҳама фазл бар ӯ таъоло бармегардад. Мо ин ибодатҳоро бо гуноҳ шуруъ намудем ва баъди анҷоми он боз гуноҳеро ба он пайваст намудем, лекин бо вуҷуди ин ҳама ӯ таъоло фазл мениҳад ва онҳоро, агар холис барои Аллоҳ таъоло анҷом шуда бошанд, қабул мефармояд.

Ибодатҳои мо ба Ӯ ягон манфиате намерасонад. Ӯ таъоло ба он ибодатҳо ягон ниёзе ҳам надорад. Балке мо ҳастем, ки ба он ибодатҳо ниёз дорем, ки вақте онро адо менамоем,

-        дар он ҳолат роҳатро эҳсос намоем.

-        Моем, ки агар онро дар амал татбиқ намудем, аз он баҳрабардорӣ ва манфиате менамоем.

-        Мо мебошем, ки ба ҷаннат дохил мешавем

-        ва саодати абадиро онҷо эҳсос менамоем.

Вале мо ба ӯ чӣ манфиате расонида метавонем? Ӯ бениёз аст, ки ба чизе эҳтиёҷ надорад, мо ҳастем ки ба ӯ ниёзмандем ва эҳтиёҷ дорем. Бо вуҷуди ин ҳама Худованд моро бениёз мегардонад, об менӯшонад, икрому иззат менамояд ва ҳидоят мекунад ва агар эҳтиёҷ пайдо кардем, ӯ таъоло ба мо аз неъматҳояш ато мекунад. Балки дӯст медорад, вақте аз ӯ талаб намоем. Чӣ қадар бештар аз ӯ талаб намудем, ӯ моро бештар дӯст медорад. Зеро муҳаббати ӯ нисбат ба караму бузургворӣ ва саховатмандӣ кардан, аз ончӣ ақлҳо тасаввур мекунанд, аз он болотар аст. Ин аз ҷумлаи ҷамолу зебоии афъоли ӯ таъоло мебошад. Чун ӯ дар миёни ҷамоли афъол ва ҷамоли зот бо ҳам ҷамъ намудааст. Ба ин маъно, ки чигунае, ки зоти Худованд зебост, ҳар кору рафторе, ки мекунад онҳо низ зебоянд. Дар ин бора шоире гуфтааст, ки мазмуни он чунин аст:

Ту агар моро аз илоҳамон пурсон шавӣ, илоҳе, ки мо онро ибодат менамоем ниҳоят зебо аст.

Ҷамоли ӯ субҳонаҳу ва таъоло чигунааст?

Илоҳи мо кист? Илоҳи мо он зоти зебост. Балки зеботарин чизе, ки вуҷуд дорад, он Аллоҳ аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки Худованд худашро Ҷамил номиданд. Дар воқеъ ӯ зебо ва соҳиби ҷамол аст ва зебогиро дӯст медорад, ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) ба мо дар ин бора хабар додааст. Барои далолат ба ҷамолаш ҳамин кифоя аст, ки тамоми ҷамолу зебогие, ки дар ҷамодот (олами шахшуда) ё инсонҳо ё дарахтон ё ҳайвонот вуҷуд дорад, ҳама аз асари ҷамоли Парвардигор аст. Чунки ҳақиқатан ҳам Ӯтаъоло зебост.

Аз ҳамин ҷиҳат бузургтарин неъмати аҳли ҷаннат ин аст, ки Парвардигорашон пардаро бардошта худро барои онҳо ошкор менамояд ва ҷамолашро барояшон нишон медиҳад. То ӯро дар ҷаннат бубинанд. Мисли ин ҷамол ва зебогиро, пеш аз ин надида буданд.

Чеҳраҳое ҳастанд дар он рӯз, ки шоду хуррам. Ки ба сӯи Парвардигорашон назар мекунанд. Қиёмат: 22,23.

Ҳар касе онро дид, саодатманду шодобу хуррам мешавад, ки ҳаргиз дар ҳаёташ чунин саодат ва хуррамӣ нагузашта буд. Чунки ӯ таъолост, ки саодату хушбахтиро офаридааст.

Ҳақиқатан ҳам, саодатро кӣ офардааст? Ӯ таъоло онро офардиааст. Бинобар ин онро ба касе медиҳад, ки ба назди Ӯ омадааст, ба Ӯ надикӣ ҷустааст, вале барои касе ки аз ӯ дур шуда ва дурӣ ҷустааст, ҳаргиз саодатро нахоҳад бахшид.

Наздикӣ ба Худованд = хушбахтии бештар

Чӣ қадар ба Худованди мутаъоло наздиктар шудӣ, ба ҳамон андоза саодатат бештар мешавад. Аз ин ҷиҳат Худованд ҷаннатро, дар осмони ҳафтум, ба худ наздик гардонидааст, зеро он қароргоҳ ва бошишгоҳи саодатмандону хушбахтон аст. Чӣ қадар дар дараҷаҳои ҷаннат боло рафтӣ, ҳамон қадар ба зоти илоҳӣ бештар наздиктар хоҳӣ шуд. То кадом андоза? То он андоза, ки ба олитарин мартаба ва дараҷаи ҷаннат бирасӣ, ки он Фирдавси аъло аст. Ин саодатмандтарин минтақа дар ҷаннат, бо ҳамроҳии паёмбарон ва расулон ба шумор меравад.

Оё медонӣ, ки сақфи ин мақоми ҷаннат чист? Сақфи Фирдавси аъло Арши Раҳмон аст. Оё ба ту хабар надодам, ки саодату хашбахтӣ дар наздикӣ ҷустан ба ӯ таъоло мебошад? Зеро ӯ таъоло мунтаҳои саодату хушбахтӣ аст. Сидрату-л-мунтаҳо дар назди ӯст. Ҷаннату-л-маъво дар назди ӯст, ҳангоме ки дарахти Сидраро ончи (аз баргу меваҳои рангоранг) мепушонад.

Бо вуҷуди ин ҳама, бештар аз ҳама ба Худованд нофармонӣ мешавад

Худованд бо вуҷуди дорои ин ҳама азамат ва бузургӣ будан, зотест ки аз ҳама бештар нофармонӣ, мухолафат ва рӯйгардонӣ аз Ӯ мешавад. Воқеият чунин аст, ки ҳар махлуқе, ки зердасте дорад аз тарафи зердасту дастпарвардаш нофармонӣ мешавад, мисли падар аз тарафи фарзанд, муаллим аз ҷониби талаба, мудир аз тарафи коргар ва амсоли инҳо. Вале аз ҳама бештар Худованди мутаъол аст, ки аз тарафи бандагонаш нофармонӣ мешавад. Пас оё дар рӯи замин касеро пайдо карда метавони, ки аз Худованд дида бештар нофармонӣ шавад? Чунин кас вуҷуд надорад. Худованд бо вуҷуди ин ҳама ба онҳо аз неъматҳояш ато мефармояд, менӯшонад ва вақте бемор шуданд онҳоро солиму бедард мегардонад. Зеро Ӯ таъоло бар бандагонаш ҳалиму бурдбор аст. Бар махлуқоташ, ки ӯро нофармонӣ мекунанд, сабур, яъне бисёр босабр аст. Дидаӣ, ки худашро Сабур номидааст. Балки аз ин болотар, агар касе тавба кард ва ба сӯи Аллоҳ таъоло баргашт, Худованд барои тавбаи ӯ ниҳоят сахт хушнуд мешавад, бештар аз хурсандии худи банда ба ин. Чигуна аст ин ки бандае, ки ба Аллоҳ таъоло муҳтоҷ аст ва дар муқобил Парвардигор аз бандааш комилан бениёз аст, бо вуҷуди ин Худованд ба баргаштани бандааш ба сӯи ӯ хурсанд мешавад. Ва дар ниҳояти икрому иззат кардан ӯро иззату икром менамояд.

Ҷои тааҷҷуб ин нест, ки банда ба сӯи мавлояш баргардад, худро ба ӯ маҳбуб гардонад ва ризояшро биҷӯяд, балки ин асли масъала аст ва бояд ингуна бошад. Лекин ҷои тааҷҷуб инҷост, ки мавло ба сӯи бандааш, бо додани ҳар навъе аз атоҳо ва ҳадоё дустӣ ҷӯста, худро маҳбуб мегардонад. Банда бошад, аз вай рӯй мегардонад ва дар дурӣ гирифтан аз Ӯ ва тавба накардан исрор меварзад. Бо ин ҳама агар банда дастонашро ба сӯи Аллоҳ таъоло ба дуо бардорад, Худованд аз ӯ шарм медорад.

Аҷиб аст: банда ба Худо ниёзманд аст — аммо Худо аз банда ҳаё мекунад

Оре, Худованд ҳаё мекунад, вайте ки банда даст ба дуо баланд карда талаб менамояд ва Ӯ талабашро набароварда, дасташро холӣ баргадонад.

Ин аст он илоҳи мо. Ин аст он чизе, ки ҷуз ӯ илоҳи дигареро намехоҳем. Ин аст Парвардигорамон, ки умедҳои зиёдеро бар раҳмату мағфирати ӯ дар рӯзи қиёмат вогузор мекунем.

Вақте, ки Худованди мо ин ҳама ҷалолу бузургиро доро бошад ва ба ин ҳама сифатҳо мавсуф бошад, пас мо бо ин азамату бузургӣ чигуна муносибат ва муомилаву рафтор менамоем? Пас муолмила ва рафтори ту бо Аллоҳ чигуна аст?

(Идома дорад...)

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Сейчас на сайте 39 гостей и нет пользователей

Зоирони сомона

Unknown 36.1% Unknown
Tajikistan 27.8% Tajikistan
United States of America 20.8% United States of America
Saudi Arabia 2.8% Saudi Arabia
Russian Federation 2.8% Russian Federation

Total:

11

Countries
000074
Today: 5
This Week: 24
Last Week: 50
This Month: 74
This Year: 74