Featured

Сухани имрӯз, дар бораи комёбӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

 Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин.  Вассалоту вассалому ъалал мабъуси раҳматан лилъоламин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин

 Аммо баъд:

 Ассалому алайкум бародарони гиромӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

 Ин суҳбатро барои он оростем, ки бо ҳам дар роҳи комёбӣ қадам занем ва нашавад, ки ҳаёт ба поён расад, вале мо қадамҳои худро дар роҳи комёбӣ нагузошта бошем. Чун Худованд моро ба воситаи ин васоил ҷамъ намуд, бикӯшем ки ин сабаби хайре бошад, то бо ҳам ба комёбии абадӣ бирасем. Худовандро тавонем аз худ розӣ намоем, Расулуллоҳ (с) аз мо хушнуд шавад. Падару модарон аз мо розӣ гарданд. Ба онҳо манфиате аз мо бирасад. Халқи Худоро ба воситаи рафтан ба ин роҳи комёбӣ, хидмате карда тавонем.

 Аввалин чизе, ки барои ҳамаи мо инҷо пешниҳод мешавад, то роҳҳои комёбиро тавонем рафтан ин аст, ки:

 Тақвои Худоро пешаи худ намоем ва Аллоҳ таъолоро итоат кунем. Имон ва амалҳои шоистаро барои худ ҳатмӣ ва лозим бидонем. Зеро оқибати имондорӣ ва амали шоиста кардан, амну амонӣ дар ду дунё хоҳад буд. Комёбӣ дар ду ҳаёт мегардад.

 Вале аз куфр, мунофиқӣ ва нофармонбардориҳо ҳазар намоем. Зеро оқибати инҳо бадбахтӣ дар дунё ва охират мебошад.

 Худованд дар Қуръони карим фармудааст: Вазн (санҷиши амалҳо) дар он рӯз ҳақ аст. Пас касоне, ки каффаи (паллаи) тарозӯяшон вазнин аст, онон растагорон (комёбшудагон) мебошанд. Ва касоне, ки каффаи (паллаи) тарозӯяшон сабук аст, онон касоне ҳастанд, ки ба (хотири инкор ва) ситаме (зулме), ки нисбат ба оятҳои мо мекарданд, ба худашон зиён расониданд (ва сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд)” Сураи Аъроф оятҳои: 8,9.

 Фалоҳ ва комёбӣ ин чизе аст, ки инсон ҳамеша барои расидан ба он кӯшиш мекунад ва ҳаёташ аслан барои он аст. Вале инҷо як масъала аст, ки фалоҳ ва коёбиро чигуна мефаҳмад ва ё кадом фалоҳ ва комёбиро медонад? Ин аввалан вобаста аст ба дониши андӯхтаи ӯ ва дуввум ба боварию имонаш ба он дониши андӯхтааш. Агар дониши андӯхтааш илми ҳақиқӣ бошад на тахаюлот ва фарзияҳо ва боварияш ба  онҳо боварии қатъӣ  бошад, ингуна маърифат инсонро ба комёбиҳои ҳақиқӣ раҳнамоӣ менамояд.

Мисли касе, ки ба Расули Худо (с) огоҳӣ пайдо мекунад ва дар натиҷаи омӯзиш ва андӯхтани дониш дар бораи ӯ (с) ва таълимоташ ва дине, ки барои башарият овардааст, барояш боварии қатъӣ ҳосил мешавад, ки инро имон мегуянд. Баъдан таълимоте, ки аз тарафи Худованди мутаъол барои башар меояд, онҳо ҳама барои расидан ба ҳамин комёбӣ ва наҷоте аст, ки мо сари он сӯҳбат дорем. Худованд барои мо роҳро ба воситаи Паёмбаронаш равшан кард. То мо тавонем ба сӯи Ӯ таъоло роҳ паймоем ва дар натиҷа ба расидан ба назди Аллоҳ таъоло дар ҳоле, ки Ӯ аз мо розӣ аст ва мо низ аз Ӯ розӣ мебошем, бирасем.

Фалоҳ калимаи арабӣ аст, ки ба маънои растагорӣ, наҷот, пирӯзӣ ва комёбӣ мебошад. Ва муфлиҳум ҷамъи муфлиҳ аст, ки ба маънои растагор, наҷотёфта, комёб аст. Асли ин калима аз фалаҳа гирифта шудааст, ба маънои киштан мебошад ва деҳқонро фаллоҳ мегуянд. Яъне инҷо Худованд барои мо як калимаеро оварда, ки ба воситаи ончӣ медонем ба мафҳумҳои ғайбӣ ба андозае бирасем. Мисол фаллоҳ, яъне деҳқон чӣ кор мекунад? Дона мешинонад. Заминро пора мекунад, ва дар он як дона мешинонад ва онро дубора мепӯшонад ва об медиҳаду нигоҳубин мекунад. Вале ӯро деҳқон рӯёнда наметавонад. Балки мунтазир меистад, ки он дона бирӯяд. Рӯёнандаи ҳақиқии он Аллоҳ таъоло мебошад. Назар кунед, вақте мерӯяд деҳқон чӣ андоза хурсанд мешавад. Ва хурсандӣ танҳо дар рӯидани он дона нест, балки дигар он пас аз ин ҳосил медиҳад. Ҳосилашро назар намоед, ки чуноне, ки гандумро Худованди мутаъол масал задааст, ки дар як донаи гандум Худованд ҳафт хушша мерӯёнад ва ҳар хушшае сад дона гандум дорад. Ҳафтро ба сад зарб занем ҳафтсад мешавад. Ин аз замин барои инсон мерасад, ки ҳосилу натиҷааш дар ин дунё аст. Аз як донаи додагӣ ҳафтсад дона мегирад.

Инсоне, ки роҳи тоати Худованди мутаъолро дар ҳаёташ пеша мегирад ба ин сурат аст. Ҳар тоаташ донае мебошад, ки Худованд барои ӯ дар баробари ҳар донааш даҳ баробар, то ҳафтасд баробар ва аз ин ҳам зиёдтар ба андозае, ки Худованд худаш мехоҳад ва медонад медиҳад. Пас фаҳмидем, ки шахси комёб чигуна инсон будааст? Инсоне, ки роҳи ба сӯи Аллоҳро бо нишондодҳо ва раҳнамудҳои илоҳӣ тай мекунад. Тоату ибодати Аллоҳро баҷо меорад, зеро роҳи расидан ба Ӯ таъоло танҳо ин роҳ аст. Натиҷааш ҳамон ҳосили комёбӣ хоҳад буд.

Аз фазли Худованд аст, ки дар баробари ҳар некӣ ва тоати бандааш даҳ маротиба ва ҳафтсад маротиба ва аз ин ҳам бештар подош медиҳад. Аммо дар баробари бадие ё нофармоние, ки аз бандааш содир мешавад, танҳо як бадӣ навишта мешавад. Онро мисле, ки некӣ ва тоатро меафзуд, намеафзояд, балки ҳамон адади як боқӣ мемонад. То ки боз банда агар тавба кунад, пушаймон шавад ва ба кору тоати Худованд баргардад, дар ин ҳолат боз он кори бадияшро Худованд бо лутфу карам ва фазлаш дар номаи амалҳояш на танҳо ин ки онро маҳв мекунад, ки балки ба ҳасана, яъне некӣ табдил менамояд, ки гӯё амали неке анҷом додааст.

Аз Худованди мутаъоло талаб менамоем, ки мо ва шуморо ва гузаштагони мо ва шуморо аз ҷумлаи комёбшудагон ва растагорон бигардонад. Омин.

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Сейчас на сайте 38 гостей и нет пользователей

Зоирони сомона

Unknown 36.1% Unknown
Tajikistan 27.8% Tajikistan
United States of America 20.8% United States of America
Saudi Arabia 2.8% Saudi Arabia
Russian Federation 2.8% Russian Federation

Total:

11

Countries
000074
Today: 5
This Week: 24
Last Week: 50
This Month: 74
This Year: 74