Аз ганҷинаи бузургон
بسم الله الرحمن الرحيم
الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله أشرف الأنبياء والمرسلين وعلى آله وصحبه أجمعين،
أما بعد...
قَالَ يَحْيَى بْنُ يَحْيَى اللَّيْثِيُّ –رحمه الله-:
"مَنْ جَاءَهُ الْمَوْتُ وَهُوَ يَطْلُبُ الْعِلْمَ، لَمْ يَكُنْ بَيْنَهُ وَبَيْنَ الْأَنْبِيَاءِ فِي الْجَنَّةِ إِلَّا دَرَجَةٌ".
Яҳё ибни Яҳёи Лайсӣ, раҳимаҳуллоҳ, гуфтааст:
«Касе, ки марг бар ӯ фаро расад, дар ҳоле ки барои андӯхтани илм машғул мебошад, дар ҷаннат миёни ӯ ва миёни пайғамбарон фақат як дараҷа фарқ хоҳад буд».
Мавъиза ва панд
Ин сухани пурҳикмат ба мо мефаҳмонад, ки талаби илм танҳо як кор ё вазифа нест — як сафари рӯҳӣ, як роҳест ба ҷаннат, ба наздикӣ бо паёмбарон. Аз ҳама баландтарини мардум пас аз анбиё, толиби илмест, ки то лаҳзаи охири умр аз пайи фаҳм, тадқиқ, омӯхтан ва расонидани ҳақиқат аст.
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил оламин. Вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ.
Аммо баъд...
Суҳбат атрофи қиссаи Нуҳ алайҳиссалом ва он чӣ аз ин қиссаҳо метавон ибрат пайдо кард. MP3 ![]()
بسم الله الرحمن الرحيم
الحمد لله رب العالمين. والصلاة والسلام على رسول الله أشرف الأنبياء والمرسلين وعلى آله وصحبه أجمعين،
أما بعد...
Ояти муборак мефармояд:
أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا. (Муҳаммад: 24)
«Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд? Ё бар дилҳояшон қулфҳо зада шудааст?»
Ин оят нишон медиҳад, ки хониши танҳо кофӣ нест. Қуръон нозил нашудааст, ки танҳо тиловат шавад;
балки:
1. Хондан — оғоз аст, дарро мекушояд.
2. Тадаббур — ҳадафи аслӣ, нур бахшидани қалб аст.
3. Амал — меваи Қуръон аст, ки бе он ҳеч арзише комил намешавад.
Пас аз маълум мегардад, ки Қуръон ба он нозил нашудааст, ки танҳо хонда шавад. Қуръонро бояд хонд, дар он тадаббур кард ва ба он амал намуд.
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
№3
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ало абдиҳи ва расулиҳи Муҳаммадин ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд...
Муҳимтарин суоле ки дар тамоми ҳаёти инсон вуҷуд дорад ин аст:
Ту бо Худованд чӣ гуна муносибат мекунӣ, вақте Ӯ ба ту раҳму меҳрубонӣ менамояд?
Оё ту дар зиндагии худ дидаӣ, ки касе оташи бузургеро ба муддати се рӯз барафрӯзад, сипас писари худро ба он оташ андозад? Табиист, ки чунин ҳолат вуҷуд надорад. Акнун ба ин ҳадиси набавӣ гуш фаро деҳ:
“Марде ба назди Расулуллоҳ (с) омад, ки бо ӯ кӯдаке буд. Онро (аз меҳру шафқаташ) дар оғӯшаш мефишурд. Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: Оё ту ба ӯ раҳм менамоӣ? Гуфт: Оре. Расулуллоҳ (с) гуфт: Худованд бар ту раҳмхортар аст аз раҳмхории ту дида нисбат бар ин (тифлат) ва ӯ меҳрубонтарини меҳрубонҳост”.
Пас Худованд аз ин бораҳмтар аст, ки туро дар оташ андозад. Худованд арҳаму‑р‑роҳимин аст. Ту бо ин раҳмахорӣ чигуна муносибат ва рафтор хоҳи кард? Бо Худованд чигуна маносибат ва рафтор мекунӣ, вақте туро раҳму меҳрубонӣ намуд?




