Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ҳалқаи панҷум
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Муомилаи ту бо Худованд чигуна аст, вақте розӣ шуд?
Неъматҳое, ки дар ҷаннат вуҷуд доранд, васф карда намешаванд, онҳоро наметавон васф намуд. Зеро онҳоро на касе бо чашм дидааст ва на бо гуш шунидааст ва на ба ақли касе, ҳамчун тасаввур, гузаштааст. Аз ончӣ васф менамоем аз он болотаранд. Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат дохил шуданд, бо Аллоҳ таъоло сухан мегуянд ва ба Ӯ таъоло мегуянд:
Эй Парвардигорамон! Ту ба мо чизе додӣ, ки ягон касеро аз оламиён чунин надодаи. Мегуяд, ки барои шумо, ҳоло аз ин ҳам беҳтар дорам.
Мегуянд: Эй Парвардигорамон! Чӣ чиз аз ин ҷаннат афзалу бартар шуда метавонад?


Ояти муборак мефармояд: